- забон
- [زبان]1. узви дохили даҳон, ки барои ба гулӯ фурӯ додани ғизо, донистани таъм ва инчунин дар инсон барои нутқ хизмат мекунад2. маҷмӯи воситаҳои овозӣ ва луғавию дастурӣ, ки натиҷаи кори тафаккурро инъикос намуда, алоқа ва мубодилаи афкори одамонро таъмин мекунад3. сухангӯии (такаллуми) хоси ҳар миллат ва тоифа, лисон, лаҳҷа4. гуфтор, нутқ; таҳрир, баён; забони адабӣ забони китобатии умумихалқӣ, ки меъёрҳои муайян дорад; забони бегона забони халқи дигар, забони ғайримодарӣ, забони хориҷӣ5. маҷ. аскари душман, ки барои огоҳ шудан аз сирри душман асир гирифта мешавад; забони бурро гуфтори фасеҳу ботаъсир; забони вайрон баёне, ки берун аз қоидаву қонунҳои муайяни умумӣ аст, забони ғайриадабӣ; забони давлатӣ забоне, ки чун қоида мутобиқи қонуни асосии мамлакате ҳамаи корҳои давлатию маъмурӣ, фарҳангу маориф ва ғ. ба он бурда мешавад; забони модарӣ забоне, ки инсон аз кӯдакӣ ба модару атрофиёнаш тақлид карда, ёд гирифтааст; забони ноби тоҷикӣ забони фасеҳ ва ширини форсии тоҷикӣ; забони порсии дарӣ забони тоҷикии адабии аввалҳои асри миёна; забони тоҷикӣ забони умумии халқи тоҷик; забони форсии тоҷикӣ ниг. забони тоҷикӣ; забони хуш тарзи гуфтори нарм; мулоимсуханӣ; аз забони касе аз қавли касе, бевосита аз шахсе; дар забон дар гуфтор, дар сухан; забон баровардан а) ба гапзанӣ сар кардан, сухангӯиро ёд гирифтани кӯдак; б) маҷ. ҷуръати гапзанӣ пайдо намудан◊ аҳли забон соҳибони забон; забондонон; забони ҳол авзоъ ва кайфияти зоҳирии инсон, ки андешаву ният ва аҳволи ботинии вайро маълум месозад; забон бастан аз гап бозистодан, хомӯш шудан; забони касеро бастан хомӯш гардонидан, аз гапзанӣ боздоштан касеро; забон (на)гаштан ба чизе барои гуфтани чизе ҷуръат (на)доштан, изҳор карда (на)тавонистан чизеро (ба сабаби истиҳола ё бо андешае); забони касе гирифтан дуруст гап зада натавонистан; лакнат доштани забони касе; забон дароз кардан забондарозӣ кардан; бо густохӣ ва ҷуръат гап задан; забони касе дароз шудан ба гуфтани чизе ҷасорат пайдо кардан, дар гап ҷуръатнок шудан; забон нигоҳ доштан аз гуфтани чизе худро боз доштан; хомӯш шудан; забон расонидан ба чизе, касе бадии чизе ё касеро гуфтан, эрод гирифтан ба касе, чизе; забони касе тез будан сахтгап будан, гапҳои талху тунд задан; забон хоида мондан нимғурма гап задан; чизеро изҳор карда натавониста хомӯш мондан; забон хориш кардан майли зиёди гапзанӣ доштан; аз изҳори чизе худдорӣ карда натавонистан; забони касеро хорондан касеро ба гап даровардан, ба гуфтани чизе водор кардан; забони хуш кардан сухани хуш гуфтан, бо мулоимат сухан гуфтан; муомилаи хуб кардан; забон як кардан бо ҳам аҳду паймон кардан, қавл додан, шарт бастан бар зидди касе; аз забон афтодан фаромӯш шудан; аз забон мондан қобилияти сухангӯиро гум кардан (аз беморӣ ё беҳолӣ); аз забон хат додан забонхат додан, қавле (ӯҳдадорие)-ро бо дастхат таъкид кардан; ба забон гирифтан гуфтан, зикр кардан, ном бурдан касеро, чизеро; ба забон овардан а) баён кардан, гуфтан; б) ба забон гирифтан; ёд кардан, ба хотир овардан; ба забон омадан ба гапзанӣ сар кардан, ба гуфтугӯ даромадан; бар забон рондан гуфтан, талаффуз намудан (бештар сухани зишт ва носазоро); бо нӯги забон гап задан рӯякӣ сухан гуфтан, ғайри самимона ҳарф задан; вирди забон шудан а) ниг. вирд; б) азёд шудан; забони мурғонро мурғон медонанд (мақ.) шахсони ба ҳам наздику ҳамфикр матлабу мақсади якдигарро ба осонӣ ва дуруст мефаҳманд; забони сурх сари сабз медиҳад бар бод (зарб.) сухани беандешаву бемаврид фалокате бар меоварад; ба (дар) забонатон садқа! аз забонатон гардам! (таъбири навозиш барои сухани хубе)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.